Адабиети точик (синфи 10)


1.0 par Китобхои фаннии точики
Jul 5, 2018

À propos de Адабиети точик (синфи 10)

Адабиети точик (синфи 10)

Адабиёт лафзи арабӣ буда, решаи он адаб аст, ки ба маънои

дониш, маърифат, гуфтору кирдори нек ва хирад далолат

мекунад. Адабиёт дар мафҳуми васеи он маҷмӯи осори хаттию

шифоҳии қавме, халқе, миллате буда, дар фаҳмиши махдуди

он инъикоси бадеии ҳаёт аст ва ин тарзи тасвири зиндагӣ ба

воситаи образҳо ба тасвир овардани ҳаёт мебошад. Яъне адабиёт

дар фаҳмиши истилоҳии он як навъи санъат буда, ба воситаи

образҳо тасвир намудани ҳаёт, дунё аст ё ин ки адабиёт

инъикоси образноки ҳаёт буда, дар он ҳар ду паҳлуи зиндагӣмусбат

ва манфӣ ба воситаи образҳо, тимсолҳо, намунаҳо тасвир

карда мешавад. Ба ин восита падидаҳои манфии ҷомеа маҳкум

карда шуда, паҳпуҳои мусбати он таргибу ташвиқ мегардад.

Аз ин рӯ, адабиёт ҳамчун навъи санъат барои рушду

нумӯи ҷамъият таъсири ниҳоят қави дорад ва дигаргунсозиҳои

ҳаёти ҷамъиятӣ ба он вобаста аст. Умуман, адабиёт инъикоси

воқеият ба воситаи образҳост, ки тавассути каломи манзум

(назм) ва мансур (наср) амалӣ мегардад.

Адабиёт китоби дарсии ҳаёт аст. Эҷодкори адабиётро адиб

меноманд ва адиберо, ки бо каломи манзум-шеър сару кор дорад,

эҷод мекунад, шоир ва адиберо, ки осори мансур меофарад,

нависанда меноманд.

Ҳадаф аз лафзи «адабиёт», пеш аз ҳама, адабиёти бадеӣ

буда, онро дар гузашта каломи бадеъ гуфтаанд. Каломи бадеъ

- сухани нав, аҷиб, нодир буда, дар мантиқи одии ифода

сухани образнок, тасвири образнок аст. Аз ин рӯ, адабиёти

бадеӣ ба инсон сару кор дорад, рӯзгору фаъолияти инсонро

меомӯзад. Ба эҳсосоту тафаккури инсон таъсир мерасонад.

Ҷаҳонбинӣ, донишу хирад, маърифату тафаккури ӯро такмил

медиҳад ва аз ин ҷост, ки адибро муҳандиси руҳии инсон низ

мегӯянд.

4

Калимаи «адабиёт» маҳсули миёнаҳои асри XIX буда, таърихи

зуҳури адабиёт ҳамчун санъати сухан хеле қадим аст. Аз ин

рӯ, дар асрҳои миёна ибораҳои улуми адабӣ, улуми адабия, фунуни

адабия мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки аз 12 то 22

ҷузъи фанҳои адабиро фаро мегиранд. Аз ҷумла: илмҳои луғат,

наҳв, сарф, баён, арӯз, қофия, хат, иншо, маъонӣ ва ғайра ба

шумор мерафтааст.

Дар маркази адабиёти бадеӣ симои инсон, шахс меистад.

Яъне мавзӯи баҳси адабиёти бадеӣ ҳамоно инсон ва ҷамъият,

воқеияту муҳити иҳотакунандаи онҳост. Камолоти маънавии

инсон ҳадафи адабиёти бадеист.

Адабиёт фанни инсоншиносӣ, санъати сухан ва воситаи

тарбиявию такмили камолоти маънавии башарият аст. Адабиёт

таърихи халқ, андозаи ҷаҳонбинӣ, тафаккури бадеӣ, хазинаи

зеҳнӣ, тавоноии ақпонӣ ва бардоштҳои мафкуравии инсоният

аст ва аз сабаби он ки фанни миллист, бурду бохти ҳамон

миллату халқият низ ҳаст.

Адабиёт дар заминаи эҷодиёти шифоҳии халқ дар замонҳои

хеле қадим пайдо шудааст ва аз рӯйи иттилооти олимон таърихи

адабиёти тоҷик 8 ҳазор сол қабл зуҳур кардааст. Дар адабиёти

шифоҳӣ, унсурҳои суханони образнокро дар асотир ҷустаанд

ва минтақаҳои маданӣ ё гаҳвораи тамаддунро дар Эрон,

Мисру Чин, Ҳиндустону Рум донистаанд. Дар Мисри қадим ахди

Ромсиси II осори манзум тахмин карда мешавад, ки оғози садаи

XIV то милод эҷод шудааст. Ё худ «Иллиада» ва «Одиссея»-и

Ҳомери юнонӣ оғози асри IX то милод ва «Ведо»-и ҳиндуҳо дар

асри XII то милод манзум шудаанд. «Авасто» (гӯё аввалин шеърро

Ҳазрати Одам гуфтааст) ва хусусан, готҳо қадимтарин бахши

он ба шумор меравад, ки аз зуҳури адабиёт ва фарҳангу

ҳунар гувоҳӣ медиҳад. Вале чунон ки ишора намудем, таърихи

эҷодиёти шифоҳӣ (фолклор) боз ҳам қадимтар аст, зеро эҷодиёти

шифоҳии халқ то зуҳури хат ва алифбо пайдо шудаву ибтидо

ё худ оғози пайдоиши адабиёти касбӣ ба шумор меравад.

Дар асрҳои миёна мо ҳанӯз дар оғози пайдоиши феодализм

ташаккули адабиётро мушоҳида мекунем, ки ибтидои он ба

эҷодиёти Рӯдакӣ ва муосирони ваӣ рост меояд, ки ба қавле

дар ин аср наздик ба 250 тан адиб зиндагӣ ва эҷод кардаанд.

Давраи нави инкишофи адабиёти асрҳои миёна ба замони

эҳёи маданӣ рост омадааст. Хусусан ҷараёни маорифпарварӣ

(нимаи дуюми асри XIX) миёни нерӯҳои адабӣ табаддулоти

мафкуравиро тавлид намуд ва такони иҷтимоие зуҳур кард, ки

барои пешрафти ҷамъият заминаи хеле мусоид фароҳам

овард.

Informations Application supplémentaires

Dernière version

1.0

Telechargé par

Rahmat Dwi

Nécessite Android

Android 4.0+

Voir plus

Use APKPure App

Get Адабиети точик (синфи 10) old version APK for Android

Téléchargement

Use APKPure App

Get Адабиети точик (синфи 10) old version APK for Android

Téléchargement

Alternative à Адабиети точик (синфи 10)

Obtenir plus de Китобхои фаннии точики

Découvrir