Забони немиси (синфи 9)


1.0 par Китобхои фаннии точики
Jul 2, 2018

À propos de Забони немиси (синфи 9)

Забони немиси (синфи 9)

ХОНАНДАГОН ВА ОМУЗГОРОНИ ГИРОМИ!

Шуморо бо огози соли нави таҳсил муборакбодмегӯем!

Дар китоби дарсии мазкур маводи таълим дар шакли матну машқҳои

фонетикӣ, грамматикӣ, коммуникативӣ (муоширатӣ) ва

суратҳо мувофиқи мавзӯъҳо ҷой дода шудаанд.

Китоби дарсӣ бо назардошти принсипҳои дидактикӣ ва методии

таълим мураттаб гардидааст. Дар ои татбиқи мақсадҳои амалӣ,

таълимию тарбиявӣ ва такомулии омӯзиш мавриди назар карор гирифтаанд.

Аз ин рӯ, хусусияти амалии таълим ҳам дар омӯзиши

донишҳои лексикию грамматикӣ ва ҳам дар ташаккули маҳорату

малакаҳои намудҳои асосии фаъолияти нутқ зоҳир мегардад. Матнҳое,

ки дар китоби дарсӣ ҷой доранд, дорои хусусиятҳои тарбияи

ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ, ватандӯстию интернатсионалӣ

ва худшиносии миллӣ мебошанд. Ҳангоми иҷрои машқҳои лексикию

грамматикӣ ва нутқӣ фаъолияти нутқи хонандагон инкишоф

ёфта, диққат, хотира ва тафаккури онҳо мустаҳкам мегарданд.

Мактабиён ба малакаҳои муқоиса намудани ҳодисаҳои гуиогун, баровардани

хулосаҳои умумӣ ва изҳор намудани тасаввурот ва ақидаҳои

шахсӣ соҳиб мешаванд.

Ҳодисаҳои грамматикӣ ва лексикӣ бо усулҳои индуктивӣ ва дедуктивӣ

инъикос ёфтаанд. Калимаю ибораҳое, ки бе шарҳи иловагӣ

фаҳмида мешаванд, бо усули индуктивӣ сурат ёфтаанд. зеро он калимаҳо

дар хондани матн ва нутқи даҳонии талабагон кацфаҳмӣ

ба миён намеоранд. Баръакс, калимаю ибораҳое, ки бе шарҳи иловагӣ

мазмунашон ба талабагон нофаҳмост, бо усули дедуктивӣ фаҳмонида

мешаванд. Яъне, муаллим аввал қоидаи истифодаи чунин

ҳодисаҳои грамматикиро мефаҳмонад, онро бо мисолҳо исбот мекунад

ва истифодаи онро дар мант ё нутқи даҳонӣ нишон медиҳад.

Аз ҷумла, эзоҳи ҷонишинҳои «man», «es», «sich», зарфҷонишинҳо ва

гайра, ки дар забони тоҷикӣ вуҷуд надоранд, бо усули дедуктивӣ акс

ёфтаанд. Бинобар ин барои мустаҳкам аз худ намудани қоидаҳои

грамматикӣ ба муаллим лозим меояд, ки баъд аз фаҳмонидани ин ё

он крида, онро ҳатман аз кисми «Грамматика»-и китоб барои аз

худ намудан ба талабаҳо вазифа диҳад.

Таълими лугат бо роҳҳои гуногун ба амал оварда мешавад. Пеш

аз ҳама диққати асосӣ барои ба система даровардани фонди лугавӣ

равона мешавад. Калимаю ибораҳои ношинос пеш аз матн бо ми3

солҳои аёнӣ дар ду забон пешниҳод мегарданд. Баьд онҳо дар хори

умумӣ такрор меёбанд. Бо мақсади фаъолсозии калимаҳои нав онҳо

дар ҷумла ва қиссаҳо (ҳикоячаҳо) испгифода мешаванд. Роҳи дигари

кушоданимаънои калима бо роҳи аёнӣ: мусоҳиба ё нақл азрӯирасм,

ё истифодаи карточкаҳо барои ифодаи амали предметҳои ҷондор

пешкаш гардидааст. Дар синфи 9 фаҳмонидани маънои калима бо

ёрии синониму антонимҳо низ мувофиқи мақсад мебошад.

Интихоби матн ва машқҳо бо мақсади самти шифоҳии таълим,

бо назардошти хусусиятҳои давраҳои таълим, синну соли хонандагон,

шароити маҳал ва хусусиятҳои забони модарии мактабиён ба

амал оварда шудааст.

Барои иикишофи ҳамаи намудҳои фаъолияти нутқ иҷрои машқҳо

дар ду зина пешниҳод мегарданд. Дар зинаи аввал машқҳои

тайёрӣ гузаронида мешаванд, ки онҳо дар самти принсипи «аз осон

ба душвор» ба амал меоянд ва характери нисбатан шифоҳӣ доранд.

Масалан, барои инкишофи нутқи даҳонӣ иҷрои машқҳои нутқии

нопурра, барои хониш - машқ барои техникаи хониш, барои хат

-машқ барои тарзи навишт (графика) ва орфография гузаронида

мешаванд. Чунип машқҳоро мо бо рақамҳои 1, 2, 3 қайд намудем.

Дар зинаи дуюммашқҳои ҳақиқии нутқӣ: машқҳо барои хонда фаҳмидан

ва шарҳ додани ҳодисаҳои мухталиф аз матн ва машқҳо барои

инкишофи нутқи хаттӣ гузаронида мешаванд. Чунинмашқҳоро

мо бо рақамҳои 4, 5, 6, 7 ишора намудем, ки иҷрои онҳо характери

эҷодӣ дорад. Вақти иҷрои ин гуна машқҳо алоқаи маълумоти назарӣ

бо амалия (дар мисоли «Оилаи худ», «Деҳаи худ», «Мактаби

худ» ва гайра) ба амал омада, тахаюлот ва худшиносии талабагон

инкишоф меёбад. Фаъолияти эҷодии хонандагон бо роҳи инкишофи

фаъолияти фикрӣ ва эҷодии онҳо, фаъолияти нутқӣ ва ташаббускории

онҳо ба даст меояд.

Informations Application supplémentaires

Dernière version

1.0

Telechargé par

Kevin Heske

Nécessite Android

Android 4.0+

Voir plus

Use APKPure App

Get Забони немиси (синфи 9) old version APK for Android

Téléchargement

Use APKPure App

Get Забони немиси (синфи 9) old version APK for Android

Téléchargement

Alternative à Забони немиси (синфи 9)

Obtenir plus de Китобхои фаннии точики

Découvrir