333 саволу чавоб дар мавзуи хач


1.0 par Китобхои Исломи
May 16, 2018

À propos de 333 саволу чавоб дар мавзуи хач

333 саволу ҷавоб дар мавзӯи ҳаҷ

333 саволу ҷавоб дар мавзӯи ҳаҷ

<>

ПЕШГУФТОР

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҳамду ситоиш бар Худое, ки танҳо Ӯро мепарастем ва танҳо аз Ӯ кӯмак мехоҳем. Ва салому дуруд бар Паёмбари Худо Муҳаммад (с) ва бар хонадону ёрони бовафояш.

Худованд дар каломи худ гуфтааст: «Ва ба сӯи ту Китобро фуруд овардем, то барои мардумон шариатеро, ки ба сӯяшон фуруд оварда шудааст, баён кунӣ ва то бувад, ки онҳо тафаккур кунанд».

Наҳл-16: 44.

«Ва қар чи пайғамбар ба шумо бидиҳад, онро бигиред ва аз ҳар чи шуморо манъ кунад, бозистед ва аз Худо битарсед». Ҳашр - 59: 7.

«Ва ҳар ки ба Худо ва расули Ӯ фармонбардорӣ кунад, ӯро ба биҳиштҳое дарорад, ки зери он ҷӯйҳо меравад; дар он ҷо ҷовидонанд. Ва ин комёбии бузург аст». Нисо - 4: 13.

Ҳаҷ яке аз аркони дини Ислом буда, анҷом додани он барои ҳар фарди мусулмон, ки болиғу оқил, озод ва сиҳатманд аст, ҳамчунин, тавоноии сафар, нафақаи рафту баргашт аз сафари ҳаҷро дорост ва амнияти роҳаш таъмин аст, фарз мебошад.

Чунончи Худованд дар Қуръони карим фармудааст:

«Ҳаҷҷи Хонаи Каъба барои Худо бар мардумон, бар касе воҷиб аст, ки тавоноии рафтан ба сӯи онро дорад. Ва ҳар ки кофир шавад, пас, Худо аз ҳамаи оламиён Бениёз аст». Оли Имрон - 3: 97.

«Ва дар миёни мардум ба ҳаҷ овоз деҳ, то пиёдаву савор бар ҳар шутури лоғар пеши ту биёянд (ин шутурон) аз ҳар роҳи дур биёянд, то назди фоидаҳо барои хеш ҳозир шаванд ва номи Худоро дар чанд рӯзи донисташуда ва (баъд аз он) бар забҳи он чи Худо аз қисми чаҳорпоёни мавошӣ ба онҳо рӯзӣ додааст, ёд кунанд». Ҳаҷ - 22: 27,28.

Инчунин, фарз будани ҳаҷ аз ҳадисҳои Паёмбар (с) собит гардидааст. Аз ҷумла, Паёмбар (с) фармудаанд: «Ислом бар панҷ чиз бино шудааст: гувоҳӣ додан ба ин ки ҳеҷ маьбуде барҳақ ҷуз Аллоҳ нест ва гувоҳӣ додан ба ин ки Муҳаммад паёмбари Ӯст; барпо доштани намоз; пардохтаии закот; ҳаҷҷи хонаи Худо ва рӯза гирифтани моҳи Рамазон».

«Саҳеҳ»-и Бухорӣ - 8.

«Саҳеҳ»-и Муслим - (16) - 20, 21.

Аз Абуҳурайра низ ривоят аст, ки Паёмбар (с) зимни хондани хутба фармуд: «Эй мардум! Худованд ба шумо ҳаҷро фарз кардааст, пас ҳаҷ кунед...». «Саҳеҳ»-и Муслим - (1337) -412.

Афзун бар ин, дар ҳадисҳои Паёмбар (с) аз фазилатҳои ҳаҷ низ гуфта шудааст. Аз ҷумла, аз

Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуд: «Умра то умра каффораи гуноҳот байнашон аст ва ҳаҷҷи маҳбул ҷуз биҳишт подоше надорад».

«Саҳеҳ»-и Бухорӣ - 1773.

Ҳикоятуллоҳи Рамазонӣ

1. Ҳаҷару-л-асвад

2. Дари хонаи Каъба

3. Новдони хонаи Каъба

4. Шозарвон (қисмати беруни пойдевор)

5. Ҳиҷри Исмоил (ъ) (Ҳатим)

6. Мултазам

7. Маҷоми Иброҳим (ъ)

8. Рукни (бурҷ) Ҳаҷару-л-асвад

9. Рукни (бурҷ) Ямонӣ

10. Рукни (бурҷ) Шомӣ

11. Рукни (бурҷ) Ироқӣ

12. Чодари Каъба

13. Хатти қаҳвагине, ки аз болои рн тавоф оғоз мегардад

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон Одобҳои сафар

Аҳкоми ҳаҷ

Фарзҳои ҳаҷ

Воҷиботи ҳаҷ

Суннатҳои ҳаҷ

Мустаҳабботи ҳаҷ

Миқотҳо ва эҳром

Он чи дар эҳром манъ шудааст

Дохил шудан ба Макка ва тавофи қудум

Рамал ва изтибоъ

Намози тавоф

Саъй дар миёни Сафо ва Марва

Рафтан ба Мино ва Арафот

Ҳаракат ба суи Муздалифа

Ҳаракат ба сӯи Мино

Тавофи зиёрат

Санг задани шайтонҳо

Тавофи видоъ

Масоиле аз ҳар боб

Умра

Тарзҳои ба ҷо овардани ҳаҷ (нусук)

Қирон

Таматтуъ

Ифрод

Моҳҳои ҳаҷ

Чӣ касе наметавонад дар миёни ду нусук ҷамъ намояд

Ҷиноятҳо ва ҷазои онҳо

Пӯшидани либоси дӯхташуда

Пӯшонидани сару рӯй

Хушбӯии либос ва бадан

Гирифтани нохунҳо

Тарошидани муй

Ҳукми маъзур

Ҷимоъ (алоқаи ҷинсӣ) ва ангезаҳои он

Иртикоби мамнуот дар ҳаҷ

Тавоф дар ҳоли ҷанобат ё бевузуӣ

Тарки воҷиб дар афъоли ҳаҷ

Ба ҳам задани тартиб

Таъхир

Ҷиноятҳои умра

Шикор кардан дар эҳром

Ҳукми қорин дар иртикоби мамнуот

Гузаштани миқот бе эҳром

Ҷиноятҳои Ҳарам

Эҳсор

Фавти вуқуфи Арафот

Ҳаҷҷи ниёбати

Қурбонӣ дар ҳаҷ – Ҳадя

Узҳия (қурбонӣ)

Дар баёни баъзе саволу ҷавобҳои умумӣ

Зиёрати равзаи мубораки Паёмбари акрам (с)

Дурдонаҳои Расулуллоҳ (с)

Дуоҳо

Чанд маълумоти муфид барои ҳоҷиҳо

Дар хотима

Informations Application supplémentaires

Dernière version

1.0

Telechargé par

Ilir Devolli

Nécessite Android

Android 4.0+

Voir plus

Use APKPure App

Get 333 саволу чавоб дар мавзуи хач old version APK for Android

Téléchargement

Use APKPure App

Get 333 саволу чавоб дар мавзуи хач old version APK for Android

Téléchargement

Alternative à 333 саволу чавоб дар мавзуи хач

Obtenir plus de Китобхои Исломи

Découvrir